Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 29-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси шабакаи муосири «ҳушманд» ва аз ҷиҳати экологӣ устувори нақлиётӣ аст, ки Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбиро мепайвандад.
Сироҷиддин Муҳриддин нақши боризи Тоҷикистонро дар таҳия, пешбарӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии соҳаи об таъкид намуда, кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро ба Конфронси чаҳоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки моҳи майи 2026 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.
Ҷонибҳо маҷмуи ҳамкорӣ ва роҳҳои таҳкими онро дар доираи созмон мавриди муҳокима қарор доданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд






