Сокинони ноҳияи Восеъ соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безавол мегарданд

Ноябрь 12, 2025 13:49

ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон расид. Дар доираи ин иқдоми маънавию маърифатпарварона дар 7 ҷамоати деҳот ва 1 ҷамоати шаҳраки ноҳия ба 32 251 оила нусхаҳои ин китоби таърихию адабӣ тақдим мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тақсими шоҳасар бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаҳои маорифу фарҳанг ва фаъолони ҷомеа ба роҳ монда шуда, сокинон ин иқдоми Пешвои миллатро ҳамчун рамзи таваҷҷуҳи давлат ба фарҳанг, адабиёт ва худшиносии миллӣ бо эҳсоси ифтихору сипос пазируфтанд.

Оилаҳое, ки китобро дастрас намудаанд, зимни суҳбат бо аъзои гурӯҳи корӣ иброз доштанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар яки мост, ки  ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар оилаи мамлакат ин шоҳкории беназир  аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  туҳфа гардид.

Ин китоби пурарзиш аз нав  ва бо сифати хеле баланд дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд ва бо теъдоди  умумии 1 700 000 нусха  ба табъ расидааст.

Ин ташаббуси фарҳангпарварона дар баробари дигар иқдоми маънавии Сарвари давлат, аз ҷумла тақдими асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» ба ҳар хонадон ба таҳкими ҳувияти миллӣ, болоравии маърифати фарҳангӣ ва бедории фикрии ҷомеа мусоидат менамояд.

Мардуми фарҳангдӯсти ноҳияи Восеъ бо ифтихор таъкид карданд, ки ин туҳфаи пурғановати Пешвои миллат рамзи эҳтиром ба таърихи пурифтихори ниёгон ва пайванди устувор байни гузашта, имрӯз ва ояндаи давлатдории миллӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Ноябрь 12, 2025 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид