Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар 9 ҷамоат ба 38 ҳазору 155 оилаи ноҳияи Ёвон тақдим мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, тақдими асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва фаъолони ҷомеа ба роҳ монда мешавад.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз намуд, ки «ин китоб ҳамчун ганҷинаи пурқимати маънавӣ на танҳо таърихи гузаштагони моро бозгӯ мекунад, балки инсонро ба ватандӯстӣ, адолат, далерӣ ва хирадмандӣ раҳнамо месозад. Сокинони ноҳияи Ёвон ин туҳфаи бебаҳои Сарвари давлатро дастрас намуда, бо чунин Пешвои маърифатпарвару роҳкушо ва хирадпеша ифтихор доранд».
Тақсими шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ- «Шоҳнома» ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад. Тақсими ин шоҳасар бо дастури Сарвари давлат ба ҳар хонаводаи аҳолии мамлакат аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шуруъ гардид.
Китоби мазкур дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба табъ расидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои «Шоҳнома» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла чунин нигоштаанд: «Дар ҳақиқат Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зиндаю пойдор гардонид ва дар хизмати наслҳои оянда гузошт».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон













Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид






