Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамлаи мусаллаҳона дар марз хабар дод

Ноябрь 27, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 26 ноябри соли 2025 аз ҷониби қаламрави Афғонистон ба бошишгоҳи кормандони ҶДММ «Шоҳин СМ», воқеъ дар ҳавзаи масъулияти дидбонгоҳи 1-уми сарҳадии «Истиқлол»- отряди сарҳадии «Ёл»-и вилояти Хатлон ҳамлаи мусаллаҳона ба амал омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамлаи мазкур бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва  дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак амалӣ гардида, дар натиҷаи он се корманди ҶДММ “Шоҳин СМ”  — шаҳрвандони Чин ба ҳалокат расиданд.

Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон барои ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобили судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд.

Ҷониби Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гурӯҳҳои ҳаросафканро қотеъона маҳкум намуда, аз мақомоти феълии Афғонистон барои андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати таъмини суботу амният дар хати сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя даъват ба амал меорад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд