«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид

Декабрь 5, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» дар Озмуни VII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи номинатсияи «Муколамаи фарҳангҳо» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

4 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни VII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар иштирок  намуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон намояндагони 7 кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва беш аз 60 нашриёт иштирок доштанд.

Дар озмун ноширони давлатҳои иштироккунанда аз рӯи номинатсияҳои  «Иттиҳод», «Ватани ман», «Муколамаи фарҳангҳо», «Китоб барои кӯдакону наврасон», «Илм ва маориф», «Китоби мусаввар», «Санъати тасвирсозӣ» ва «Дар Иттиҳод нашр шудааст» китобҳояшонро пешниҳод намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин озмун бо 9 ҷоизаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд. Қаблан низ китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»дар номинатсияи «Илм ва ҳаёт» («Наука и жизнь») ғолиби Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоби кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» шуруъ аз соли 2004 баргузор мешавад. Он бо ибтикори Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфӣ ва дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  доир карда мешавад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст