Файзиддин Қаҳҳорзода дар Риёз дар ҷаласа доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимӣ ва устуворӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар ҳошияи баргузории Конфронси молиявии рушд дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар ҷаласаи канорӣ таҳти унвони “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимӣ ва устуворӣ: чӣ гуна сармояи заруриро таъмин намоем” иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус юа АМИТ “Ховар” аз Вазорати молия хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур муҳокимаи сатҳи баланди масъалаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими устувории иқлимӣ тавассути пайдо намудани сарчашмаи маблағгузорӣ, ҷалби сармояи зарурӣ, дарёфти роҳҳои таъмини сармоягузорӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва иштироки бахши хусусӣ дар маблағгузории иқлимӣ мебошад.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода вобаста ба лоиҳаҳои НБО “Роғун”, CASA – 1000 ва дигар лоиҳаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, инчунин доир ба аҳамияти онҳо вобаста ба таъмини амнияти энергетикӣ, бехатарии озуқаворӣ ва маҷмуан рушди иқтисодии минтақа иттилоъ дод.
Дар фарҷоми ҷаласа байни иштирокчиён вобаста ба мавзуи мавриди назар мубодилаи афкори судманд анҷом дода шуд.








Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд






