Ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Декабрь 13, 2025 18:23

ДУШАНБЕ, 13.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиа таҳри роҳбарии Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ҷаласаи корӣ бо роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа Вазири мудофиа, Вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ,  роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати адлия, фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ, директорони Агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаоввар, таъминоти амволи махсус ва роҳбарияти якчанд сохторҳои марбутаи соҳавӣ иштирок доштанд.

Роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи амнияту суботи кишвар, пурзур намудани иқтидори мудофиавии давлат ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон чор мавзуъро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Нахуст доир ба мавзуи рушди саноати мудофиавӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, вобаста ба ҳолати кунунӣ ва фаъолияти минбаъдаи корхонаҳои саноатии соҳа маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамзамон саҳми корхонаҳои саноатии соҳа дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – Саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар идома аз ҷониби муовини Вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҷангӣ доир ба фаъолияти имрӯзаи корхонаҳои саноатии Вазорати мудофиа, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолии соҳавӣ ва дигар роҳҳои рушди он ҳисобот дода шуд.

Таъмини мудофиаи давлат дар шароити таҳдиду хатарҳои эҳтимолии замони имрӯза, густариши мудофиаи ҳудудӣ, санҷиши ҳолати захираҳои сафарбарӣ, саҳми шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта дар самти ҳифзи марзу буми кишвар, боз ҳам густариш бахшидани фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзу таъмини амнияту суботи сартосарӣ дар суханронии Сардори ситоди генералӣ, муовини аввали Вазири мудофиа шарҳи бештар ёфт.

Таъкид карда шуд, ки бо ҷалби шахсони масъули Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои сиёсӣ – ҷамъиятии санҷиши мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ ташкилу баргузор гардиданд, ки дар онҳо сокинон бо руҳияи баланд ва масъулияти бузург иштирок намуданд.

Намояндагони котиботи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани шароити хизмати сарбозону афсарон, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, омодабошии баланди ҷангӣ, ҳифзи саломатии сарбозону афсарон, ҷалби шаҳрвандони солиму ватандӯст ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ, коррупсионӣ, ҷалби табибони баландихтисос ба соҳаи низомӣ  ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаро таҳлил намуданд.

Ҷаласа бо таклифу пешниҳодҳои муфид барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории зичи сохторҳои қудратии кишвар ва дар якҷоягӣ ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, оромиву суботи кишвар ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2025 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»