Асари «Абармарди таърихсоз» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» соҳиби Шоҳҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 декабр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» ҷамъбаст карда шуд. Асари «Абармарди таърихсоз» (ҷилдҳои 1 ва 2), муаллиф Фарҳод Раҳимӣ сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Озмун аз рӯи панҷ номинатсия доир гардид. Дар номинатсияи «Назм» ҷойи дуюмро китоби «Ёқути имон»-и Мафтунаи Қосим, дар номинатсияи «Наср» ҷойи якумро китоби «Дорои бузург»-и Барот Абдураҳмон, дар номинатсияи «Публисистика» ҷойи якумро «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар забони туркӣ»-и Субҳон Қурбонов, дар номинатсияи «Назми бачагона» ҷойи якумро «Алифбои аҷоиб»-и Латофат Кенҷаева, дар номинатсияи «Насри бачагона» ҷойи якумро асари «Қафасоб»-и Маҷид Салим ва дар номинатсияи «Тарҷумаи адабӣ» ҷойи якумро «Светотень»-и Муҳаммад Ғоиб сазовор гардиданд.
Ҳамчунин зимни ин озмуни ҷумҳуриявӣ озмуни «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» ҷамъбаст гардид, ки ҷойи якум ба Рӯзномаи «Садои мардум» дода шуд. Дар номинатсияи «Рӯзнома ва маҷаллаи соҳавӣ» ҷойи якум ба маҷаллаи «Каломи табиб» ва дар номинатсияи «Рӯзнома ва маҷаллаи минтақавӣ» ҷойи якумро Нашрияи «Анвори дониш» ба даст овард.
Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» дарёфти беҳтарин китобҳои сол буд, ки ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯ бошанд.
Ба озмун китобҳое пешниҳод гардиданд, ки мазмуну муҳтавояшон бояд мавзуъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти мамлакатро фаро гиранд, ба завқи алоқамандони каломи бадеъ созгор афтода, дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, обу хоки Тоҷикистонро барафрӯзанд ва ҳамчунин бо ороиши хуб муқовабандӣ шуда бошанд.
Китобҳое, ки соли 2025 аз тарафи муаллифон дар чопхонаҳои ҷумҳурӣ ба нашр расида, барои иштирок дар озмуни «Китоби сол-2025» ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, қабл аз натиҷагирӣ барои омӯзиш, баррасӣ ва баҳогузорӣ ба ҳайати ҳакамон пешкаш карда шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, на ҳама китобҳои пешниҳодгардида аз лиҳози сифати чоп, жанри бадеӣ ва тартиби ҳуҷҷатнигорӣ ба талаботи шартҳои озмун мувофиқат карда, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ҷавобгӯ буданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






