Ба муносибати таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Зимни ҷамъомад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иброз шуд, ки маҳз дастур, ҳидоят ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар муддати кӯтоҳи фаъолият ба ниҳоди қавӣ табдил ёфта, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таъмини суботу оромии ҷомеа ҳиссаи арзишманд гузошт.
Маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо заминаи моддӣ-техникии Дастаи таъйиноти махсуси раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мустаҳкам гардонида шуд. Ҳоло барои беҳбуди фаъолияти корию хизматии кормандони он тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ҷумла, хизматчиёни ин ниҳод соҳиби муосиртарин техникаю лавозимоти ҷангӣ, яроқу аслиҳа ва иншооти хизматию маркази таълимии ҷангӣ дар шароити кӯҳсор гардидаанд.
Зимни ҳамоиши тантанавӣ дар вилояти Хатлон гуфта шуд, ки давоми се даҳсола Дастаи таъйиноти махсуси милитсия ҳамчун сипари қавӣ ва такягоҳи боэътимоди ҷомеа арзи ҳастӣ мекунад. Ин ниҳоди пурмасъулият, ки дар шароити душвортарини солҳои аввали давлатсозӣ таъсис ёфта буд, имрӯз ба қудрати шукуҳманд, неруи муташаккил, касбӣ ва пуриқтидор табдил ёфтааст.
Таърихи 30 соли фаъолияти Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ пур аз саҳифаҳои ҷасорат, садоқат, матонат ва хизмат ба Ватан аст. Зеро диловарони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар ҳама вазъу ҳолат дар хати аввали дифоъ аз сарзамин ва мубориза бо унсурҳои ҷиноятӣ қарор доранд.
Иброз шуд, ки иқтидори кории Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи вилояти Хатлонро, ки воҳидҳои минтақавии он дар Бохтару Кӯлоб фаъолият мекунанд, ҷавононони матиниродаву размовар ва қавибозую шикастнопазир ташкил медиҳанд.
Дар қароргоҳи Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар вилояти Суғд низ дар ин рӯз ҳамоиши тантанавӣ доир карда шуд.
Зимни ҷамъомад гуфта шуд, ки фаъолият дар ин пешаи пурифтихор интихоби мардони ватандӯст мебошад. Онҳо дар ҳама гуна вазъият омодаанд садоқати худро ба Ватан ва халқ нишон диҳанд. Ҷавонони ҷасуру далер, чусту чолок ва руҳану ҷисман обутобёфта дар сафи Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар вилояти Суғд фаъолият доранд. Онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ барои барҳам задани ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, боздошти ҷинояткорони хавфноки мусаллаҳ ва дигар амалҳои номатлуби халалдорсозандаи осоиштагӣ саҳм мегузоранд.
Дар ҷамъомад ҳайати шахсии даста дар назди ҳозирин машқҳои тактикӣ, аз қабили муҳорибаи тан ба тан, безараргардонии ҷинояткори мусаллаҳ, озод намудани гаравгонҳо аз бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва дастгир кардани гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро бо маҳорати баланд нишон доданд.
Ёдовар мешавем, ки Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия 5 декабри соли 1995 бо ҳайати шахсии иборат аз 66 нафар таъсис дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?






