Дар Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва занбӯриасалпарварӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҳавасмандгардонии соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, ҳунармандӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз рӯйи номинатсияҳои гуногун доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Зимни маросими ҳавасмандгардонии беҳтаринҳо иброз гардид, ки ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, таъсиси ҷойи нави кор, истеҳсоли маҳсулоти ватании воридотивазкунанда ва гузариш ба самти рушди устувор тавассути саноатикунонии босуръат дар мамлакат аҳамияти хосса дорад.
Сарвари давлат ба рушди соҳаи саноат ва бунёди корхонаҳои хурду бузург диққати аввалиндараҷа дода, саҳми соҳибкорону шахсони саховатмандро дар ин ҷода қаноатбахш меҳисобанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли равон иброз доштанд, соли 2025 дар мамлакат беш аз 400 корхонаи саноатӣ бунёд карда шуд. Ин иқдом дар оянда низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин замина бояд гуфт, ки давоми солҳои 2022-2024 ва дар 11 моҳи соли 2025 дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 146 корхона ва коргоҳ мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ин шумора танҳо дар 11 моҳи соли 2025 52 корхона ба истифода дода шуд, ки ин раванд дар самти саноатикунонии босуръати вилоят бесобиқа мебошад.
Таъкид шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои амалисозии он ҳамасола тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 11 моҳи соли 2025 дар вилоят 10 737 оила занбӯри асал парвариш ёфтааст. Дар ин давра 96 тонна асал истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 33 тонна зиёд мебошад. Теъдоди оилаҳои занбӯри асал соли равон ба миқдори 2,5 ҳазор оила зиёд шуд. Инчунин дар вилоят 359 ҳунарманд фаъолият намуда, дар чорабиниҳо ва намоишҳо маҳсулоташонро ба маърази тамошо мегузоранд.
Ба хотири эҳё, рушд ва ташвиқу тарғиби фарҳанги ҳунари ғановатманди тоҷикони кӯҳистон Ассотсиатсияи ҳунармандони вилоят таъсис дода шудааст. Дар заминаи фаъолияти он теъдоди зиёди ҳунарҳои мардумӣ, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, аз нав эҳё гардиданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба беҳтарин корхонаи дӯзандагӣ, корхонаи коркарди санг, корхонаи қаннодӣ, корхонаи дорусозӣ ва гиёҳҳои шифобахш, корхонаи коркард ва банду басти мева, корхонаи истеҳсоли дару тиреза, беҳтарин бофанда, армуғонсоз, муҳракаш, сабадбоф, асбобҳои мусиқӣ, рассоми кундалсоз, беҳтарин ширкати сайёҳӣ, роҳбалади сайёҳӣ ва беҳтарин меҳмонхонаи хурд дар деҳот, дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин занбӯриасалпарвар» ва «Беҳтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти занбӯри асал» Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид






