Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи феълии низоми суғуртаи ҷумҳурӣ, муҳиммияти санҷиши аудити берунаи ҳисоботҳои муҳосибӣ ва сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ дар ҷаласае, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои аудитории дорои ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ, намояндагони Вазорати молияи мамлакат ва воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа инчунин мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар хулосаҳои аудиторӣ ва чораандешиҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт муҳокима гардид.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ баъди ба зиммаи он вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ корҳои назаррасеро анҷом дод, ки ба ташаккул ва рушди низоми суғурта дар Тоҷикистон мусоидат намуданд.
Гуфта шуд, ки дар заминаи ислоҳоти соҳаи суғуртаи мамлакат дар соли 2025 як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ таҳия ва қабул карда шуданд, ки раванди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии соҳаи суғуртаро пурра ба танзим дароварда, шаффофиятро дар низом таъмин менамоянд. Аз ҷумла, тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ, тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ, Феҳристи ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), тавсифи ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз ҳамин қабиланд.
Таъкид шуд, ки бо вуҷуди пешравиҳо ва дастовардҳои соҳа, дар самти санҷиши аудити ҳатмии ҳисоботҳои молиявии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) камбудиҳо ба назар мерасанд, ки бартараф намудани онҳо дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои аудиторӣ, Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади таъмини шаффофият дар низоми суғурта ва тақвияти боварии аҳолӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ даъват шуд, ки ҳамаи тарафҳои манфиатдор, хусусан ташкилотҳои аудиторӣ, фаъолияти худро бо риояи стандартҳои аудит дар доираи принсипҳои қонуният, беғаразӣ ва поквиҷдонӣ ба роҳ монда, бо истифода аз малакаву салоҳияти касбӣ дар рушди соҳаи суғуртаи ҷумҳурӣ саҳмгузор бошанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






