Дар Давлати Кувайт таҳти сарпарастии Тоҷикистон вохӯрии сафирони кишварҳои муқим баргузор гардид

Декабрь 18, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр таҳти сарпарастии дуайени корпуси дипломатӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода ҷамъомади сафирон ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ дар Кувайт  баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.

Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои ташрифотӣ Абдулмуҳсин Аз-Зайд, инчунин роҳбарони зиёда аз 130 намояндагии дипломатӣ иштирок намуданд.

Зубайдулло Зубайдзода зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, ҳамоҳангсозӣ ва муносибатҳои созанда байни муассисаҳои дипломатӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвари иқоматро таъкид намуд.

Зимни чорабинӣ дуайен фаъолияти ҳайати дипломатиро  давоми соли 2025 ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки дар ин давра ҳамкорӣ ва фаъолияти созанда байни корпуси дипломатӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуд. Таъкид гардид, ки  давоми сол корпуси дипломатии Давлати Кувайт дар ҷашнвораҳои муҳими байналмилалӣ, ташаббусҳои башардӯстона ва дигар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуд, ки ба таҳкими ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳузури дастҷамъонаи он мусоидат кард.

Чорабинӣ ҳамчун майдони муҳим барои тақвияти муколама, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамкорӣ ва мубодилаи фарҳангӣ байни намояндагиҳои дипломатӣ хизмат намуд. Ба ифтихори иштирокчиён зиёфати расмӣ баргузор гардид.

Дар ҳошияи чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои ташрифотӣ Абдулмуҳсин Аз-Зайд барои ҳамкории судманд бо корпуси дипломатӣ бо сипосномаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки ба уҳда доштани вазифаи дуайении ҳайати дипломатӣ таҳти роҳбарии Тоҷикистон барои ҳамоҳангии равобит байни намояндагиҳои кишварҳои мухталиф ба комёбиҳои назаррас расида, обрӯю эътибори ҷумҳуриро дар саросари кишвари маҳалли иқомат баланд бардоштааст.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Декабрь 18, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд