Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои миллии об баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Шурои миллии об баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои миллии об Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки бо ташаббусҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи хоси стратегӣ пайдо карданд. Маҳз бо ибтикори Президенти Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи об даҳ қатъномаи муҳим қабул намуд. Татбиқи амалии онҳо ба пешрафти фаъоли Рӯзномаи ҷаҳонии об мусоидат карда, ҳамзамон ташаббусҳои Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати манбаи обҳои фаровони минтақа боз ҳам мустаҳкам гардонид.
«Имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи омилҳои зиёди берунӣ қарор доранд: тағйирёбии иқлим, камшавии пиряхҳо, зиёдшавии аҳолӣ, рушди соҳаҳои саноат ва энергетика, инчунин афзоиши ниёзҳои кишоварзӣ. Ин ҳама боиси пайдоиши буҳронҳои нав дар бахшҳои амнияти озуқаворӣ, таъмини неруи «сабз», ҳамчунин обёрии заминҳо ва ҳифзи экосистемаҳо гардида, зарурати идоракунии ҳамгироёна ва оқилонаи захираҳои обро бештар мегардонад», — иброз дошт Сулаймон Зиёзода.
Ҳадафи асосии таъсиси Шурои миллии об фароҳам овардани фазои ягонаи ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва қабули қарорҳои муҳим дар самти истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обии мамлкат мебошад. Ин мақом имкон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи об дар платформаи ягона мутобиқсозӣ шуда, равандҳои банақшагирӣ ва амалисозии стратегияҳо шаффоф, ҳамоҳанг ва самаранок гарданд.
Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти пурсамари Шурои миллии об метавонад ба таҳкими сиёсати давлатӣ дар самти об, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иншооти гидротехникӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои татбиқи «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» ва лоиҳаи «Нақшаи ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Зарафшон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардиданд. Дар фарҷоми ҷаласа нақшаи кории Шурои миллии об барои соли 2026 тасдиқ гардид.
Бояд гуфт, ки Шурои миллии об ҳамчун мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025 таъсис дода шудааст.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд






