Дар Душанбе Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ бунёд карда мешавад

Декабрь 20, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо шарикони рушд аз Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин масъалаҳои вусъат додани ҳамкорӣ дар самти лоиҳаҳои илмии байнидавлатӣ ва татбиқи муштараки онҳо бо иштироки олимону муҳаққиқони Донишгоҳи нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба амалӣ намудани нақшаҳои тарҳрезишуда оид ба сохтмони биноҳои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ ва хобгоҳ барои татбиқи барномаи муштараки омода намудани кадрҳои илмӣ баррасӣ гардиданд. Баён гардид, ки сохтмони ин биноҳо рӯзҳои наздик оғоз меёбад.

Дар доираи мулоқот дар назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази байналмилалии интиқоли технологияҳои нави Сиан — Тоҷикистон кушода шуд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 20, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид