Дар Душанбе намоиши ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нави шуғл баргузор гардид

Декабрь 19, 2025 10:27

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки  16 декабр  дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён гардиданд,  18 декабр бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намоиши ҷойҳои кор ва имкониятҳои нав  баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоиши ҷойҳои кор намояндагони 75 корхонаю муассиса, ташкилоти давлатӣ ва хусусӣ иштирок намуданд. Ба шаҳрвандон 4810  ҷойи  кор аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонӣ ва соҳибкории хурд пешниҳод гардид.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода зимни ифтитоҳи намоиши ҷойҳои кории холӣ изҳор дошт, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, ба рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабр дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки « ба масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад».

Сарвари давлат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳоро вазифадор намуданд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро барои  панҷ соли оянда, таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд.

Иброз гардид, ки ҳадафи асосии намоиши ҷойҳои кор фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғли аҳолӣ, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони ба ватан бозгашта, инчунин муаррифии имкониятҳои нави меҳнатӣ дар дохили мамлакат  мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди бозори меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат беш аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, зиёда аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд.

Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар намоиши ҷоҳои кор  1732 нафар шаҳрвандон иштирок карданд, ки аз ин шумора 362 нафар аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ҳамчун довталаб барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ номнавис шуданд.

Инчунин 317 нафар аз иштирокчиён бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардиданд, ки аз самаранокии баргузории намоиши ҷойҳои кор ва таваҷҷуҳи корфармоён ба ҷалби неруи корӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ин намоиш иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо корфармоён вохӯрӣ намуда, дар бораи шартҳои меҳнат, маош, реҷаи корӣ, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва имкониятҳои рушди касбӣ маълумоти муфассал дастрас намоянд.

Намоиши ҷойҳои холии корӣ ба иштирокчиён имконият фароҳам овард, ки бо бозори меҳнати дохилӣ аз наздик шинос шаванд ва роҳҳои воқеии дарёфти ҷойи кори муносибро пайдо намоянд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 19, 2025 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид