Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иҷрои низоми иттилоотии АСИКУДА баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи низоми иттилоотии АСИКУДА, рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва маъмурикунонии гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 19 декабр вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА-и Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд Дмитрий Годунов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба фаъолияти муштарак дар самти татбиқи марҳилавии низоми иттилоотӣ, такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук ва мусоидат ба мутобиқсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба равандҳои нави гумрукӣ баҳои баланд дод.
Ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА оид ба амалӣ гардидани низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки маҳз дар натиҷаи ҳамкории зич ва пайвастаи ҷонибҳо ин низоми иттилоотӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда татбиқ ва барои истифодаи истеҳсолӣ ба роҳ монда шуд.
Татбиқи низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи марҳилаи чоруми Барномаи беҳтарсозии роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, амалӣ мешавад. Он ба иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва маъмурикунонии гумрукӣ равона гардидааст. Ислоҳоти мазкур ба автоматикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ, баланд бардоштани шаффофият ва сифати барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини татбиқи якхелаи қонунгузории гумрукӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳисоб ва ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ мусоидат менамояд.
Гузариш ба истифодаи низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ, ки аксари қисматҳои он ба таври худкор ва бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ амал менамоянд, барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиётро таҳти ҳама расмиёт ва низомҳои гумрукӣ фаро гирифтааст. Он ба содагардонӣ ва шаффофияти расмиёти гумрукӣ, тақвияти назорати гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ мусоидат намуда, дар самти рақамикунонии равандҳои гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ марҳилаи муҳим маҳсуб мешавад.
*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми автоматикунонидаи маълумоти гумрукии системаи компютерие аст, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд барои идоракунӣ ва рушди гумрукии давлатҳои ҷаҳон таҳия карда шудааст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






