Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни вохӯрии муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарифӣ бо мудири кулли мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Устони Форси Эрон Беҳзод Муридӣ масъалаи баргузор намудани намоиши осори таърихии Осорхонаи таърихи тиҷорати Гунди Шопури шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳаммияти густариши ҳамкории фарҳангӣ ва осорхонавиро дар заминаи муаррифии мероси таърихию фарҳангии ду давлат таъкид намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили марбут ба фаъолияти осорхонавӣ, аз ҷумла тармиму таҳкими осори нодири таърихӣ, таҳия ва нашри феҳристномаҳои соҳавӣ, бозомӯзии мутахассисони осорхонаҳои ҳарду давлат, ташкили намоишҳои муштараки байналмилалӣ ва дигар самтҳои ҳамкории касбӣ муҳокима гардиданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо бо таъкиди аҳамияти муколамаи фарҳангӣ изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкории осорхонавиро ба сатҳи сифатан нав бароварда, дар муаррифии мероси ғании таърихии ду давлат саҳми муассир гузоранд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд






