Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад

Декабрь 23, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни вохӯрии муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Алишер Зарифӣ бо мудири кулли мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Устони Форси Эрон Беҳзод Муридӣ масъалаи баргузор намудани намоиши осори таърихии Осорхонаи таърихи тиҷорати Гунди Шопури шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳаммияти густариши ҳамкории фарҳангӣ ва осорхонавиро дар заминаи муаррифии мероси таърихию фарҳангии ду давлат таъкид намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили марбут ба фаъолияти осорхонавӣ, аз ҷумла тармиму таҳкими осори нодири таърихӣ, таҳия ва нашри феҳристномаҳои соҳавӣ, бозомӯзии мутахассисони осорхонаҳои ҳарду давлат, ташкили намоишҳои муштараки байналмилалӣ ва дигар самтҳои ҳамкории касбӣ муҳокима гардиданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо бо таъкиди аҳамияти муколамаи фарҳангӣ изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкории осорхонавиро ба сатҳи сифатан нав бароварда, дар муаррифии мероси ғании таърихии ду давлат саҳми муассир гузоранд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид