Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабр пешниҳод шуд, ҳаёти воқеии моро инъикос карда, масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод, ки ин ба ташаккули зеҳнии миллати тоҷик таъсир мерасонад.
— Таҳлилу баррасиҳо, муқоисаю муқобалаҳои ҳаёти иқтисодии мамлакат, роҳҳои ҳалли маосили мубрами сиёсию иқтисодӣ, изҳороти муҳим дар самти нақши ҷавонон, занону модарон, мутахассисону коршиносон, донишомӯзону муҳассилин, ходимони ҷамъиятию динӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа аз огоҳии комили вазъ дарак медиҳанд. Суханони пурлатофату бомуҳаббати Президенти мамлакат нисбат ба мардум ва пешниҳоду тавсияҳои муфид дар самти некуаҳволии халқ нишони ғамхориҳои бесобиқаи Сарвари давлат мебошанд.
Агар ба нуктаҳои дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳодшуда дақиқ назар андозем, дармеёбем, ки ба тақдири баланди миллатамон бо изни Худованд шахсе сарвари ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ҳар фарди ҷомеаро дӯст медорад ва барои чун гавҳараки чашм ҳифз намудани шаҳрвандон талош меварзад. Ман аз таҷрибаи кор бо ҷомеа бо қаноатмандию дилпурӣ гуфта метавонам, ки ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон ва неруҳои пешрафтаю солимфикри хориҷи мамлакат низ сарвари маҳбуби моро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд, зеро порча-порча суханони пурҳикмати панду ахлоқияшонро дар саҳифаҳои интернетии худ мегузоранд ва аз онҳо лаззати маънавӣ мебаранд. Ин аст, ки аз доштани чунин ганҷи бебаҳои миллӣ ифтихор мекунем ва барои заҳматҳою ғамхориҳои падаронаашон нисбат ба ҷомеа сари таъзим фуруд меорем.
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо пешниҳоди ниҳоят муҳим дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон фарқ мекунад. Пешвои миллат барҳақ изҳор медоранд, ки ҳастии миллат ва бақои давлати тоҷикон ба муносибати мо нисбат ба арзишҳои миллӣ вобаста аст. Дар ҳолате мо метавонем арзишҳои миллиамонро ҳифзу нигаҳдорӣ намоем, ки маорифи пурқувват дошта бошем, барои аз бар кардани илму дониш талош намоем ва имконоти зеҳниямонро ба дуршавӣ аз ҷаҳолату хурофот равона созем. Дар ҳама давру замон хурофот ва нодонӣ садди роҳи тараққиёт ва пешрафту шукуфоӣ шуда, башариятро ба марзи сарбастаю номаълум бурдааст.
Пешвои муаззами миллат намунаи барҷастаи шахси ватандӯсту меҳанпараст буда, сокинони мамлакатро ба меҳанпарастӣ дар заминаи маърифати баланд роҳнамоӣ менамоянд. Заҳмат кашидан дар самти таҳқиқу омӯзиш, аз бар кардани илм, соҳибкасб шудану аз рӯйи виҷдон фаъолият кардан, муносибати ҳасана нисбат ба арзишҳои миллӣ, ғамхорӣ нисбат ба ҳар ваҷаб хоки Ватан ва дар ин замина дар ҳар гуна вазъият муаррифии бошарафонаи миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи мамлакат аз ватандӯстию меҳанпарастии мо дарак медиҳад. Ин аст зуҳуроти миллатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва сидқу вафо ба Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон.
Пешвои миллат шукрона мекунанд, ки Ватани озоду обод дорем ва ҳама мебинанд, ки халқи Тоҷикистон заҳмати аҳлона кашида, барои сарсабзию шукуфоии хоки поки Ватан, сохтмони роҳу пулҳо, биноҳои замонавии истиқоматӣ, коху кӯшкҳои фарҳангию маърифатӣ, боғҳо, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, варзишгоҳҳо, мағозаю истироҳатгоҳҳо, корхонаю муассисоти гуногун заҳмат мекашанд. Албатта, ҳамаи ин корҳои ободонию созандагӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат амалӣ карда мешаванд.
Имрӯз дар Тоҷикистон барои ҳама равияҳои илм муассисаҳои таълимӣ мавҷуд аст. Шаҳрвандон метавонанд дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ба таҳсил ва омӯзиши масоили ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, забону адабиёт, таъриху дин, география, физикаю химия, ситорашиносию кайҳоншиносӣ, риёзӣ, биология, забонҳои гуногуни дунё (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, ҷопонӣ, чинӣ, арабӣ, кореягӣ ва ғайра) ва дигар фанҳо машғул шуда, аз дастовардҳои илм огоҳ шаванд. Ин ба худшиносию худогоҳӣ ва пешрафти зеҳнии хурду бузурги ҷомеа мусоидат карда, барои дур будан аз ҷаҳолат замина фароҳам меорад.
Дар баланд шудани донишҳои сокинони мамлакат иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Сарвари давлат иброз менамоянд, ки «ман аз рӯзҳои аввали фаъолият ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад». Ин асоси он аст, ки ҳамасола ба истифода додани садҳо биноҳои таълимӣ, мусоидати ҳазорон нафар ба таҳсил аз тарафаи квотаҳои президентӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, ҷалби ҳазорон нафар ба озмунҳои илмию маърифатии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи мърифат» ва ғайра, ҳадяи 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, тарҷумаи китоби муқаддаси «Қуръон» ба забони тоҷикӣ барои такони ҷиддии маънавиёти миллат ва огоҳии ҳаматарафаи пиру барно аз таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу дӯстӣ ва сарҷамъии миллат шароит фароҳам меоварад.
Пешниҳоди Президенти Тоҷикистон роҷеъ ба таъсиси Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе моро водор месозад, ки дар самти гиромӣ доштани арзишҳои маънавии миллиамон боз ҳам зиёдтар фикр кунем ва барои нигаҳдории онҳо тадбир андешем. Тавре Сарвари давлат баён доштанд, тамаддуни миллати ориёӣ таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар ин муддати мадид аз тарафи намояндагони миллати тоҷик шоҳкориҳои бузурге ба вуҷуд омадаанд, ки сокинони сайёраи Заминро дар ҳайрат гузоштааст. Барои интисоби онҳо ба номи тоҷикон бунёди ин гуна марказ аҳаммияти бениҳоят калон дорад, зеро барои муаррифии дастовардҳои ҳазорсолаҳо ба ҷаҳониён саҳм мегузорад. «Маркази тамаддуни ориёӣ», ки дар оянда ташкил мегардад, чун коргоҳи бузурги миллӣ дар ташаккули зеҳни ҷаҳониён нисбат ба тоҷикон метавонад таъсири мусбат расонад.
Дар робита ба ин аз тарафи Президенти Тоҷикистон пешниҳод шудани номи Борбади Марвазӣ барои ворид шудан ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО иқдоми бесобиқа аст, зеро Борбади Марвазӣ аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст.
Ҳамчунин Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Имрӯз вожаи Наврӯз ба ҳама забонҳои дунё як хел садо медиҳад, зеро аз тарафи ЮНЕСКО соли 2016 ҳамчун унсури фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик сабт шуда, бо худ ҳикматҳои бузурги ориёиҳоро ба ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз ба муаррифии на танҳо Наврӯзи тоҷикон, балки дигар анъанаҳои миллӣ, ки ба ягон дину мазҳаб рабте надоранд, мусоидат хоҳад кард. Дар ин замина метавон ҷашнҳои Сада, Меҳргон ва Тиргон ҳам ба таҳқиқ фаро гирифта шаванд ва оламиён аз ин ҷашнҳои бостониамон огоҳ гарданд. Маркази мазкур барои ҳамбастагии миллӣ, қадри арзишҳои миллӣ ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҷашну маросими бостониамон ва мероси таърихиву фарҳангӣ, ки шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд, замина шуда метавонад.
Иқдоми дигари муҳим дар самти қадрдонии мероси гузаштагонамон ин аст, ки Сарвари давлат супориш доданд, ки бо таваҷҷуҳ ба он ки зиёда аз 70 фоизи мероси гузаштаро ёдгориҳои бостонӣ ташкил мекунанд, лоиҳаи қонуни соҳаи бостоншиносӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат соли 2025 теъдоди 11 ёдгории мероси фарҳангии Хутали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки нишонаи қадрдонии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мероси ниёгони мо ба шумор меравад. Барои иттилоъ метавон зикр кард, ки 12 июли соли 2025 дар ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж парвандаи «Хуттали Қадим» бо қарори 47СОМ 8В.21 тасдиқ шуда, ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд. Он 11 ёдгории таърихии фарҳангӣ ва бостоншиносиро дар бар мегирад: Дайри буддоии Аҷинатепа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри буддоии Хишттеппа.
Дар баробари ин, созмони фарҳангии ЮНЕСКО дар бораи эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 қатъномаҳо қабул намуд. Ин гувоҳи саҳми бузурги арзишҳои фарҳангиву маънавии миллати тоҷик дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Пешниҳоди дигари Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ эълони «Соли 2026- Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» мебошад, ки ба ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида шудааст. Мутобиқи таҳлилҳои Сарвари давлат, «дар панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад». Президенти Тоҷикистон ба ақли солим ва созандагию бунёдкории мардуми Тоҷикистон бовар доранд ва рӯйи ин ақидаанд, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи иншооту биноҳои ҷашнӣ аз 30 ҳазор мегузарад.
Дар иҷрои ин ҳадафҳои неку созанда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мамлакат такя менамоянд ва изҳор медоранд, ки «мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳама ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем. Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсонию шаҳрвандии ҳар яки мост!».
Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Дар Душанбе Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ бунёд карда мешавад
Доир ба нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид
«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд






