Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари гармхонаҳои маъмулӣ, майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад. Дар вилоят дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 500 гармхонаи хурду калон мавҷуд буда, дар фаслҳои зимистону баҳор манбаи асосии таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки кишту парвариши зироат дар шароити гармхона, имкон медиҳад, ки давоми фаслҳои зимистону баҳор талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг таъмин карда шавад.
Бунёд гардидани гармхонаҳои иноватсионӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Конибодом ва Исфара аз таҷрибаи самаровари хоҷагидорони вилоят ба ҳисоб рафта, бо амалӣ гардидани ин тадбир маълум шуд, ки истифодаи технологияи муосир дар шароити гармхона боиси фаровонҳосилӣ мегардад.
Ҳамзамон дар вилояти Суғд, сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ гармхонаҳои хурду миёна бунёд намуда, бо истифода аз роҳу усулҳои пешрафта ва таҷрибаи озмудашудаи деҳқонони номдор зироати гуногуни кишоварзиро кишту парвариш менамоянд.
Дар вилоят сокинони деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов, Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов таҷрибаи шоистаи истифодаи замини наздиҳавлигӣ доранд. Аксари сокинони деҳоти номбаршуда дар фаслҳои зимистону баҳор парвариши сабзавот ва кабудиҳоро дар шароити гармхона ба роҳ монда, дар таъмини бозори дохилӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Ба таъкиди кишоварзон, дар оянда низ раванди парвариши сабзавот ва дигар намуди зироат дар гармхонаҳо тақвият бахшида мешавад ва хоҷагидорон бо истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






