Дар ҶСК «Барқи Тоҷик» самти энергетикии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардид

Декабрь 31, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади стратегӣ  барои рушди устувори соҳаи энергетика заминаи воқеӣ фароҳам оварда, дар он масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ, истифодаи самараноки захираҳо, коҳиши талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир мақоми махсус доранд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Душанбе вобаста ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  бо иштироки роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» иттилоъ медиҳад, ки зимни тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иштирокдорони ҳамоиш оид ба нуктаҳои калидии ин санади муҳим, бахусус дар самти энергетика, муайян намудани вазифаҳои афзалиятноки соҳа ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар фаъолияти минбаъдаи сохторҳои энергетикӣ ибрози назар намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш  самти энергетикии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, андешаҳои худро дар партави ин ҳуҷҷати муҳим оид ба зарурати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пешгирии талафоти техникию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти кормандон дар ҳама зинаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ баён намуданд. Онҳо Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ҳамчун роҳнамои рушди соҳа арзёбӣ намуда, барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самти энергетика изҳори омодагӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки натиҷаи ҳамоишҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию касбии кормандон мусоидат намуда, барои иҷрои босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди устувори соҳаи энергетика нақши муассир мегузорад.

 АКС: Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик»

Декабрь 31, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд