Дар Токио Форуми тиҷоратии «Тоҷикистон – Ҷопон» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио Форуми тиҷоратии «Тоҷикистон – Ҷопон» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори форум зиёда аз 70 намояндаи мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ, ниҳодҳои сармоягузорӣ ва молиявии Тоҷикистону Ҷопон иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи расмии форум Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва муовини иҷроияи Президенти ширкати ҷопонии Ҷетро (JETRO) Такафуми Судзуки сухан намуданд.
Барои доираҳои васеи соҳибкорию сармоягузории Ҷопон имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Аз ҷумла, Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» Дилшод Ҷӯразода бо рӯнамоӣ дар мавзуи муҳити сармоягузорӣ ва механизмҳои амалии пешбурди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон сухан гуфт.
Зимни муаррифӣ ба масъалаҳои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, рақамисозии иқтисод, рушди энергетикаи “сабз” ва дурнамои шарикии давлат ва бахши хусусӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди тамоюли мусбати рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон байни ду кишвар ҳанӯз ҳам иқтидори истифоданашудаи назаррас, бахусус дар соҳаҳои савдо, иқтисод ва ҷалби сармоя мавҷуд аст.
Дар ин замина, густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ба манфиати ҳарду ҷониб арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоиди иқтисодӣ фароҳам оварда, ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва шарикии созанда бо ширкатҳои ҷопонӣ манфиатдор мебошад.
Инчунин дар форум иштирокдорон имкон доштанд, ки табодули афкор анҷом дода, самтҳои мушаххаси ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намоянд.
Форум ба як минбари муҳими муҳокимаи дурнамо ва имконияти густариши ҳамкории иқтисодии дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон, инчунин таҳкими робитаҳои корӣ миёни намояндагони сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии ҳарду кишвар табдил ёфт.
Дар фароварди кори Форуми тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусӣ ва ниҳодҳои соҳавии Тоҷикистону Ҷопон якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






