Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд

Декабрь 3, 2025 09:46

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 2 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар  барномаи рангини консертӣ  таронаю оҳанг ва рақсҳои миллии ин мамлакат пешниҳод карда шуд.

Зимни ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангӣ иброз гардид, ки он ба таҳкими минбаъдаи дӯстии халқҳои ду мамлакат, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин дарки амиқи марҳилаҳои рушди ҳамкории мутақобили судманд такони ҷиддӣ мебахшад.

4 декабр дар Театри мусиқӣ–мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барномаи ҳайати ҳунарии Чин баргузор мегардад.

Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дарсҳои маҳорат доир менамояд. Дар назар аст, ки меҳмонон Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ва майдони «Истиқлол»-ро тамошо намоянд.

Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019, 2025 ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва 2014 баргузор шудаанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 3, 2025 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад