Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 декабр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия (7 декабр) ҷамъомади идона доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода иброз дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сарфи назар аз ҳама мушкилот ва буҳронҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ бо дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла соҳаи молия тамоюли мусбати рушд таъмин гардид. Агар ба нишондиҳандаҳои даҳ соли охир, яъне солҳои 2015 -2025 таваҷҷуҳ намоем, дар ин давра ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 50,9 миллиард сомонии соли 2015 ба 166,1 миллиард сомонӣ дар соли 2025 баробар гардид, ки афзоиши воқеии солона ба ҳисоби миёна 7,2 фоизро ташкил медиҳад. Ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар миқёси давлатҳои пасошуравӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар иртибот ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ нишондиҳандаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ чанд маротиба афзоиш меёбад.
«Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ, ки ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва манбаъҳои молиявии ҷумҳурӣ вобаста мебошад, соли 2025 дар ҳаҷми 49,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2015 33 миллиард сомонӣ зиёд мебошад»,-гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.
Таъкид гардид, ки хароҷоти Буҷети давлатӣ соли 2025 51,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, афзоиши он нисбат ба соли 2015 35,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва таъмини сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар соли оянда нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ карда шуд. Он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2025 ба маблағи 15,5 миллиард сомонӣ ё 31,2 фоиз зиёд, ҳамзамон афзоиши бесобиқа дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.


Шароити ҳассоси глобалии имрӯза аз ҳамаи мо, кормандони мақомоти молия тақозо менамояд, ки ҳамарӯза барои таъмини интизоми молиявӣ, истифодаи босамари захираҳои молиявӣ, ҷалби маблағҳои қарзию грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва инфрасохтори иҷтимоӣ, ҳамзамон дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ барои таъмини шароити иҷтимоии аҳолӣ мунтазам кор барем.
Вазири молия иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ, маблағгузории саривақтии маҷмуии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус иншооти ҷашнӣ, инчунин иштироки фаъолона дар раванди корҳои созандагию ободонӣ ва чорабиниҳои ҷашниро бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатӣ масъулияти касбӣ ва шаҳрвандии ҳар корманди мақомоти молияи мамлакат арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми ҷамъомад як зумра кормандони мақомоти молия бо нишони ифтихории «Аълочии молия», Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд






