Доир ба имконоти рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии «Ромит» конфронси илмӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар мавриди ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО дохил гардидани Резервати биосферии «Ромит» дар мавзуи «Резервати биосферии Ромит: имконият барои рушди устувор, илм ва сайёҳии экологӣ» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар конфронс олимон, коршиносон, намояндагони вазорату муассисаҳои илмӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди устувор, таҳқиқоти илмӣ ва густариши сайёҳии экологӣ дар ҳудуди Резервати биосферии «Ромит» маъруза ва рӯнамоҳо пешниҳод намуданд.
Иштирокдорони конфронс доир ба нақши Резервати биосферии «Ромит» ҳамчун минтақаи нодири табиии дорои аҳаммияти байналмилалӣ сухан намуда, имконияти истифодаи илмӣ, экологӣ ва сайёҳии онро бо риояи принсипҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ва рушди сайёҳии экологӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими иқтисоди «сабз» муҳокима гардид.
Баргузории чунин конфронс барои табодули таҷриба, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда дар самти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ аҳаммият дорад.
Натиҷаҳои конфронс метавонанд барои таҳияи пешниҳодҳои амалӣ ва таҳкими ҳамкорӣ ба хотири рушди минбаъдаи Резервати биосферии «Ромит» заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Бояд гуфт, ки 27 сентябри соли 2025 дар ҷаласаи 37-уми Шурои ҳамоҳангсози байналмилалии Барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера», ки дар шаҳри Ханчжоуи Чин баргузор гардид, Резервати биосферии «Ромит» расман ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО дохил карда шуд. Ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО дохил гардидани Резервати биосферии «Ромит» рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон мебошад. Ворид гардидани Резервати биосферии «Ромит» ба шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО эътирофи сатҳи баланди фаъолияти муҳити зист дар Тоҷикистон буда, инчунин далели талошҳои ҷумҳурӣ дар роҳи ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва таҳкими тавозуни экологӣ мебошад.
Резервати биосферии «Ромит» соли 1959 ҳамчун мамнуъгоҳ ташкил карда шуда, соли 2014 бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои бойи табиат ба Резервати биосферӣ табдил дода шуд. Масоҳати умумии Резервати биосферии «Ромит» беш аз 16 ҳазор гектар буда, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар болооби дарёи Кофарниҳон, дар баландиҳои аз 1176 то 3700 метр аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад. Табиати резерват аз мавзеъҳои зебои сабзпӯш иборат буда, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, байни ду шохоби пуртуғёни дарёи Кофарниҳон – Сорво ва Сардаи Миёна ва пасту баландиҳо ҷойгир аст. Иқлимаш континенталӣ ва дорои чор фасли сол буда, дар моҳҳои июн — август ҳарорати ҳаво дар ин ҷо то 38 дараҷа гарм ва дар фасли зимистон то 30 дараҷа сард мешавад. Солҳои охир дар Резервати биосферии «Ромит» дар 60 гектар ҷангалзор ташкил ва дар он 100 ҳазор дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуданд. Дар Резервати биосферии «Ромит» 197 намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯяд, инчунин 134 намуди паранда мавҷуд аст. Ҳамзамон дар он ҳайвонҳои ваҳшӣ -бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, хуки ёбоӣ, гург, рӯбоҳ ва дигар ҳайвонҳо сукунат менамоянд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд






