Доир ба тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи грантӣ ба имзо расид

Декабрь 11, 2025 08:39

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) доир ба тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи музокирот вобаста ба лоиҳаи грантӣ дар ҳаҷми 6,5 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат  хабар доданд.

Иброз гардид, ки Протоколи музокирот дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба имзо расонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи он таъсиси Платформаи ягона барои мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегӣ, инчунин рақамигардонии ҷараёни ҳамоҳангсозӣ ва банақшагирии босамари донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоиии касбӣ пешбинӣ гардидааст.

Директори Агентии ҳамкории байналмилалии Корея KOICA Канг Сеунг-ҳун изҳор дошт, ки KOICA тамоми воситаҳо ва иқтидорро барои амалӣ сохтани лоиҳаҳои соҳавӣ равона хоҳад кард.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  Абдураҳмон Абдураҳмонзода таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея рушд ёфта, барои татбиқи лоиҳаҳои созандаю пурсамар заминаи боэътимод фароҳам оварда шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2025 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд