Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 барои Тоҷикистони маҳбуб соли бобарору таърихӣ буд»

Декабрь 31, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 соли 2025-ро барои Тоҷикистон боз як соли бобарору таърихӣ ва дастоварду пешравиҳои назаррас  арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо вуҷуди шароити ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ва таъсири манфии омилҳои берунӣ Тоҷикистон  дар соли 2025 ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар самти сиёсати хориҷӣ ба дастоварду нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.

«Барномаю нақшаҳои муҳимме, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии миллӣ қабул шуданд, соли 2025 бомаром амалӣ гардида, ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд ва мо ба ҳадафҳои гузоштаамон хеле наздик шудем»,- изҳор намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо шарофати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифи Тоҷикистон рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 31, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид