ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд

Декабрь 13, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ЮНЕСКО ҳамчун осори дараҷаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Дар робита ба ин мақолаи директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст, ки пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Осори таърихию фарҳангӣ, ёдгориҳои меъморӣ ва мероси хаттӣ дар муаррифӣ ва ташаккули миллӣ вобаста ба дастовардҳои миллати тоҷик давоми таърих нақши калон доранд. Ин мерос, ки давраҳои гуногуни ҳаёти ниёгон дар ин сарзамин- аз замонҳои асри санг то давраи муосирро дар бар гирифтааст, дар таркиби худ тамоми ҷузъиёти миллиро ифода мекунад. Ин осор, ки ба ҳаёт ва ташаккули миллат вобаста аст, ҷузъҳои таркибии он ба шумор меравад.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи эътирофи олимони ватанию хориҷӣ ва манбаъҳои илмии боэътимоди байналмилалӣ боқимондаҳои осори қадимтарин таърих ва табиати минтақа дар мавзеъҳои бостонии Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонақоҳи ноҳияи Ховалинг тасдиқ гардидаанд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ, осори бостоншиносӣ, нумизматӣ ва фолклори халқи шоҳигарии Хуталон мафҳумҳои гуногуни ҳаммаъно  навишта шудаанд. Ҳанӯз соли 725 вобаста ба муҳорибаи лашкари араб бо мардуми Хуталон дар адабиёти шифоҳӣ  шеъри «Аз Хуталон омадия»  эҷод шуд, ки он аз мавҷудияти забони нобӣ тоҷикӣ шаҳодат дода, ҳамчунин қудрату неруи давлати Хуталонро тасдиқ менамояд. Тибқи сарчашмаҳои хаттии тоҷикӣ-форсӣ, чинӣ ва арабӣ Хатлонро бо номҳои Хатлон, Хуталон, Ку-ту-ло ва ал-Хутал низ ном мебурдаанд.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи  худ  дар мавриди Хатлон чунин  навиштааст:

Зи Хатлон в-аз Тирмизу Висагирд,
Зи ҳар сӯ сипоҳ андаровард гирд.

Маълумоти қадимтарин дар бораи Хатлон ва пойтахти он — шаҳри Ҳулбуки бостонӣ дар адабиёти антиқа дарҷ гардидааст. Дар  рӯйхати номи шаҳрҳо, ки дар таърихномаи «Ҷуғрофияи таърихии шарқ» таърихнигори юнонӣ Птоломей овардааст, шаҳри Хулбисса низ мавҷуд мебошад. Александр Беленитский ва олимони дигари шарқшинос бо асоси комил онро пойтахти Хатлон – шаҳри Ҳулбук мешуморанд, зеро дар сарчашмаҳои қадим дар баробари мафҳуми Ҳулбук номи Ҳулбак ва Ҳулбик низ дучор меояд, ки ба ҳамон Хулбиссаи  юнонӣ  пайвастагӣ дорад.

Ҳамчунин аввалин осори мероси хаттӣ дар шакли санъати тасвирӣ-тасвирҳои рӯисангии ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим низ дар ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи омори пешакӣ, имрӯз дар ҳудуди мамлакат зиёда аз 30 000 тасвирҳои рӯисангӣ ва сангнавиштаҳо мавҷуд буда, ин теъдод дар маҷмуъ аз ҳама давлатҳои ҳамҷавор мутаносибан зиёд мебошад.

Дар иртибот ба шаҳрсозии ниёгони мо ҷузъҳои қадимтарин маконҳои таърихӣ, шаҳрҳо, қасрҳо, қалъаҳо, манораҳо ва дидбонгоҳҳоро дар ин сарзамини бостонӣ метавон номбар намуд. Дар ин соҳа  боқимондаҳои иншооти шаҳрҳои Саразм, Сари Ҷар, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, Тахти Сангин, Ҳулбук, Панҷакент ва дигар мавзеъҳои бостонии мамлакат мисол шуда метавонанд, ки ба умқи ҳазораҳои қабл аз милод то асрҳои миёна ва минбаъда мансуб мебошанд. Дар қатори ташаккули шаҳрсозӣ ҳамчунин санъати меъморӣ, ҳайкалсозӣ, системаҳои махсуси обёрӣ-корезӣ ва  нақбсозӣ, инчунин шаклҳои гуногуни ҳунармандӣ низ идома ёфтааст.

Бояд иброз намуд, ки дар ин ёдгориҳо намунаҳои барҷастаи санъати меъморӣ, инчунин ҷузъиёти ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгон дар шаклҳои мероси хаттӣ бо забони бохтарӣ ва суғдӣ, санъати тасвирӣ -девормусаввараҳо боқӣ мондаанд.

Санъати меъмории ниёгон, новобаста ба пайдоиши динҳо ва фарҳангҳои мавҷудаи замон тағйир наёфтаааст. Намунаи санъати ниёгонро вобаста ба динҳои замони худ дар ибодатгоҳҳои мансуб ба давраҳои зардуштӣ, несторианӣ, буддоӣ ва ислом пайдо кардан мумкин аст. Ин осор дар ёдгориҳои меъмории Маъбади Оташи Зонг, ибодатгоҳҳои несториании Айвоҷ, Дайри  Буддоии Аҷинатеппа, Мадрасаи Хоҷа Машҳад ва Масҷиди Қасри Ҳулбук дида мешаванд. Дар асрҳои миёнаи баъдӣ санъати меъмории миллати тоҷик аз шаклҳои тасвирҳои рӯидеворӣ ва гаҷкориҳо ба намуди катибанависӣ ва кошинкорӣ гузаштааст, ки намунаи онҳо бо шаклҳои алоҳида то давраи мо омада расидааст. Ҳамчунин ташаккули намунаҳои гуногуни санъати ниёгонро дар давраи ҳукмронии Сомониён пайдо кардан мумкин аст. Ин давра бо назардошти амну суботи давлат ва минтақа, ки маҳз тавассути сиёсати хирдамандонаи давлатдории Сомониён пайдо гардида буд, авҷи ҳаёти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик дар асрҳои миёна ба шумор меравад.

Дар натиҷаи фаъолияти чандинасраи ниёгон олимон ва муҳандисони миллати тоҷик дастовардҳои ин миллати қадимро тавассути шоҳроҳи бузурги абрешим ба дигар манотиқи ҷаҳон интиқол додаанд. Дар ин давра хусусан инкишофи шаҳрсозӣ, меъморӣ, муҳандисӣ, системаҳои нақбсозӣ ва ирригатсионӣ ва санъати ҳунармандии миллӣ рушд ёфта, имрӯз дар саросари дунё маъмул мебошад. Намунаи олии мероси моддӣ, нумизматӣ ва осори хаттии ниёгон дар осорхонаҳои бонуфузи Осиё ва Аврупо дар шакли хуб маҳфуз мебошанд.

Новобаста ба таназзул, ғасб ва ҷангҳои қавмҳои бегона ба муқобили миллати тоҷик, ки хисороти зиёди моддӣ ва маънавӣ ба миён овардааст, осори мероси таърихию фарҳангии тоҷикон то имрӯз хеле васеъ боқӣ мондааст.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ новобаста ба вазъи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи махсусро ба ҳифз ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон равона намуд. Тавассути ин сиёсат имрӯз ҷаҳониён аз таъриху фарҳанги ин миллати қадим бархурдор мебошанд.

Таъсиси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст, бори дигар таваҷҷуҳи хоссаи ҳукумати мамлакатро ба соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда сазовор мерос мондани онҳоро нишон медиҳад.

Таҳияи барномаҳои соҳавӣ бо ҷалби дигар манбаъҳои буҷавӣ омили ҳифз, эҳё, муаррифӣ ва рушди соҳа гардида, ҳамчунин тараққиёти сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва табиӣ оғоз гардид. Бояд таъкид намуд, ки имрӯз таввасути маблағҳои буҷавӣ дар мамлакат зиёда аз 120  ёдгории мероси бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ эҳё гардида, даҳҳо ёдгории мероси моддӣ тармим ва маҳфузмонӣ гардидаанд. Тавассути ин амали шоиста мушкилот мунтазам бартараф гардида, соҳа рӯ ба таррақӣ ниҳод ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ҳамзамон давоми Истиқлоли давлатии мамлакат ба ривоҷи таҳким ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, барқарорсозии мавзеъҳои таърихӣ, бостонӣ ва табиӣ иқдом карда шуд. Мавқеи корҳои анҷомёфта дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷрибаи ниёгон бо истифода аз маводи тармиму барқарорсозии муосир назаррас мебошад. Бо риояи талаботи соҳавӣ технологияи истеҳсоли маводи меъмории тармиму барқарорсозӣ ба роҳ монда шуд. Ин мавод дар ёдгориҳои тармиму барқароршавандаи Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Муҳаммад Башоро, Қалъаҳои Муъминобод, Балҷувон ва Қасри Ҳулбук мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории дараҷаи миллӣ, ки боқимондаҳои онҳо дар асоси талаботи байналмилалӣ аз 17 фоиз зиёд аст, таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Эҳёи ёдгориҳои меъморӣ ва маҷмааҳои таърихии тахрибшуда, ки то замони истиқлол ба фаромӯшӣ рафта буд, оғоз гардидааст. Ҳамчунин дар ин маврид таъсиси осорхонаҳо, мамнуъгоҳҳо, марказҳои мероси хаттӣ, китобхонаҳо барои ҳифзу нигаҳдошт ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани осори бостонӣ, мероси хаттӣ, моддӣ ва ғайримоддии миллӣ инкишоф ва рушд ёфт.

Имрӯз ин амали созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бори дигар нишон дод, ки тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт миллати созанда ва бунёдкор ба шумор мераванд. Дар ҳамин раванд марказҳои бузурги таърихии миллӣ ва мавзеъҳои бостонӣ дар Панҷакент, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Ҳисор, Бохтар, Ҳулбук, Балҷувон, Ховалинг, Данғара, Кӯлоб, Хоруғ эҳё ва барқарор гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 13, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид