Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабри соли 2025, соати 23:30 дақиқа се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Дар натиҷаи сари вақт амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ соати 11:15 дақиқаи рӯзи 24 декабри соли ҷорӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.
Террористон ба амри сарҳадбонони тоҷик барои таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Онҳо мақсад доштанд, ки ба яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар се нафар террористон безарар гардонида шуданд. Аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаҳои М-16, автомати Калашников, 3 адад таппончаи истеҳсоли хориҷӣ бо таҷҳизоти садохомӯшкунак, 10 адад норинҷакҳои дастӣ, як адад дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.
Мутаассифона, зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии ин амали террористӣ 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳалок гардиданд.
Дар як моҳи охир ин сеюмин ҳолати ҳуҷуми мусаллаҳона, содир намудани амали террористӣ ва убури сарҳади давлатӣ аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон аст, ки дар натиҷаи он кормандони мулкӣ ва хизматчиёни низомӣ ба ҳалокат расиданд.
Далелҳои мазкур исботи он аст, ки ҳукумати «Толибон» дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ваъдаҳои пайдарҳами худ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубориза бо аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ноуҳдабароӣ, бемасъулиятии ҷиддӣ ва такроршаванда нишон медиҳад.
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвор аст, ки роҳбарияти ҳукумати «Толибон» аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ намуда, барои таъмини амният дар сарҳадот бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагии натиҷаманд меандешад.
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеона изҳор медорад, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ имконияти пурраи ҷисмонӣ ва ҷангӣ дорад. Минбаъд низ марзбонони тоҷик бо тамоми ҳастӣ марзу буми кишварро аз таҷовузи беруна ҳимоя намуда, чун ҳамешагӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, қочоқбарон ва ба ҳама гуна кӯшишҳои сарҳадшиканӣ аз Афғонистон ҷавоби сазовор хоҳанд дод.
Айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ ором аст.
Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






