Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар машварат оид ба ташаббуси СММ-80 изҳороти муштарак пешниҳод намуданд

Декабрь 4, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар машварат оид ба ташаббуси СММ-80 иштирок намуда, аз номи кишварҳои Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон дар мавриди дастгирии Ташаббуси СММ-80 изҳороти муштарак пешниҳод кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, Ҷонибек Ҳикмат ҳамкории созандаи кишварҳои минтақаро дар доираи ислоҳоти СММ-80 таъкид карда, аҳаммияти ин ташаббусро барои тақвияти нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳифзи сулҳу амният, рушди устувор, ҳамкории байналмилалӣ ва зарурати нигоҳ доштани ваколатҳои муассири минтақавӣ таъкид кард. Саҳми муассири дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тариқи Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда ва аҳамияти тақвияти нақши он дар раванди ин ислоҳот таъкид  гардид.

Намояндаи доимии Тоҷикистон зимни изҳорот чор самти афзалиятнокро барои минтақа, аз ҷумла таъмини иштироки фарогир ва баррасии шаффофи ваколатҳо, такмил додани фаъолияти ҳайати кишварии Созмони Милали Муттаҳид ва низоми ҳамоҳангсозони кишварӣ, коҳиши сарбории ҳисоботдиҳӣ барои кишварҳои дорои иқтидори маҳдуд, инчунин тақвияти нақши Маҷмаи Умумӣ ҳамчун мақоми асосӣ дар раванди ислоҳот баён намуд.

Дар анҷом Ҷонибек Ҳикмат ҳамзамон омодагии кишварҳои Осиёи Марказиро барои идомаи ҳамкории фаъол бо ҳама шарикон ҷиҳати таъмини ислоҳоти мутавозин ва муассир дар доираи ташаббуси СММ-80 изҳор намуд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Декабрь 4, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд