Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Эрон ҳамкориро дар соҳаҳои заминсозӣ тақвият медиҳанд

Декабрь 2, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон дурнамои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар медиҳад, ҳамсуҳбатон омодагии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои заминсозӣ, кадастри замин, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин омӯзиши мутахассисон дар ин соҳаҳо баён намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд