Лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид

Декабрь 19, 2025 08:56

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар шаҳри Душанбе лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷамъомад  иброз гардид, ки лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мамлакат,  аз ҷумла «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» таҳия шудааст.

Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябри соли 2025 зимни мулоқот бо кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист супориш доданд, ки лоиҳаи Кодекси экологӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода ва Ориф Амирзода зимни муаррифии лоиҳаи кодекси мазкур  доир ба моҳияти қабули ин  санад ибрози андеша намуданд.   Аз ҷумла, онҳо иброз доштанд, ки  қабули Кодекси экологӣ дар мамлакат сиёсати ягонаи давлатии экологиро  бо назардошти равандҳои тағйирёбии иқлим муайян намуда, коҳиши гуногунии биологӣ, ҳифзи пиряхҳо, рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро  таъмин  менамояд.

Таъкид шуд, ки таҷдиди назар ба қонунгузории соҳаи экологӣ имрӯз ногузир буда, амалишавии ҳарчӣ зудтари он барои пешрафти иқтисодиёти давлат ва мустаҳкамгардии сиёсати давлатии экологӣ аҳаммияти калон дорад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 19, 2025 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид