Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» қабул намуд

Декабрь 13, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /НИАТ «Ховар»/. 12 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар доираи Иҷлосияи 80-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо назардошти амалисозии муваффақонаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон дар соли 2024Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки ин ташаббус ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шавад ва соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад. Бо ироаи ин пешниҳод, Роҳбари давлат аҳамияти умумиҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи асосии адолат, мудирияти муассир ва сулҳи пойдор таъкид намуданд.

Қатънома нақши муҳим ва зарурии маърифати ҳуқуқиро дар пешбурди ҳуқуқи инсон, иштироки фаъоли ҷомеа ва дастрасӣ ба адолат таъкид менамояд. Ин қатънома ҳамчунин таҷрибаи муваффақи Тоҷикистонро дар эълон намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эътироф намуда, онро ҳамчун намунаи боризи миллӣ, ки ба таври назаррас сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолиро баланд бардошта, аҳамияти амалҳои ҳамоҳангшудаи миллиро дар рушду таҳкими таълими ҳуқуқ собит мекунад, тасдиқ менамояд.

«Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» талошҳои ҷаҳониро ҷиҳати пешбурди ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии таълими ҳуқуқӣ аз ҷумла, фарогирии фанҳои ҳуқуқӣ дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ; таҳкими дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ ба мақсади он ки занон, кӯдакон ва ашхоси осебпазир тавонанд ҳуқуқҳои худро беҳтар дарк ва амалӣ намоянд; дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаббусҳои маҳаллӣ, ки ба рушди огоҳии ҳуқуқӣ ва омӯзиши ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд; инчунин ташвиқи ҳамкории ниҳодҳои СММ, кишварҳои узв, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубодилаи таҷрибаи беҳтарин ва таҳкими дарки ҳуқуқ дар сатҳи глобалӣ, равона намояд.

Санади мазкур соли 2027-ро ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон менамояд, ки ин рӯйдод қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати ташвиқи ҷомеаҳои огоҳ, адолатпеша ва масъулиятпазир ба ҳисоб меравад. Инчунин қатънома нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди омӯзиши ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбарии дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббуси навбатиашон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шуд, эътироф менамояд.

Ин ташаббус дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт. Он инчунин бо уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат дар соҳаи ҳуқуқи инсон мувофиқат карда, бори дигар аз омода будани Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳои худ дар доираи механизмҳои ҳуқуқи инсон шаҳодат медиҳад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Декабрь 13, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Фаронса-Осиёи Марказии Сенати Фаронса мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ шуд
Соли 2025 дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон 128 санади байналмилалӣ ба имзо расид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ду санади таърихӣ ба имзо расид
Консули генералии Тоҷикистон бо губернатори вилояти Новосибирск мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони байналмилалии муҳоҷират баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ баррасӣ шуд