Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол – 2025» баргузор гардид

Декабрь 12, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол – 2025» таҳти унвони «Қуллаи Шараф» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун маротибаи панҷум аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад. Ба он 116 бренд дар 14 номинатсия ва 65 зерноминатсия пешниҳод карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории озмун дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини пайвастаи рушди бахши хусусӣ, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони молу хизматрсонии ватанӣ ва ташвиқу тарғиби брендҳои ширкатҳо дар бозорҳои дохилу хориҷи мамлакат ба ҳисоб меравад.

Инчунин мақсади озмун муайян ва муаррифӣ намудани брендҳои муваффақ, боло бурдани обрӯю эътибори брендҳо байни истеъмолкунандагон, ҳавасмандгардонӣ, рушди соҳибкорӣ, рушди истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ ва ба содирот нигаронида мебошад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол – 2025» барои иҷрои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ташкил карда шуд.

Дар озмун корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, аз қабили Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акома», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АМИРӢ», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати шири Саодат», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афзали Суғд», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сити кард», Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Алиф бонк», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сиёма молл» ва ғайра иштирок намуда, сазовори ҷоизаҳо гардиданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»

Декабрь 12, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид