«МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе масъалаҳои муқовимат ба ин зуҳурот ва дастгирии соҳибкорӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ доир шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, форум бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкории судманд бо намояндагони бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ доир гардид. Иштирокчиён ҳадафи баргузории форумро ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар бахши хусусӣ, нишон додани нақши он дар мубориза бо ин зуҳуроти манфӣ, баррасии масъалаҳои муҳими соҳа, муайян намудани роҳҳои муосири идоракунии корпоративӣ, таъмини шаффофият ва поктинатӣ дар тиҷорат, инчунин табодули таҷрибаи пешқадам дар ин самтҳо арзёбӣ намуданд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Ҳолиқзода иброз дошт, ки «дар ҷаҳони муосир бахши хусусӣ муҳаррики пешбарандаи рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ буда, мавҷудияи омилҳои коррупсионӣ дар ин самт сабаби коҳиши суръати рушди иқтисодӣ, аз байн рафтани рақобати солим, паст шудани ҳаҷми сармоягузорӣ, афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ ва коҳиш ёфтани эътимоди ҷомеа ба низоми иқтисоди бозорӣ мегардад».
Коррупсия зуҳуроти манфии фаромиллӣ буда, оқибатҳои манфии он барои давлат ва ҷомеа, хусусан барои бахши хусусӣ назар ба талафоти мустақиме, ки аз ришвахӯрӣ, қаллобӣ ва азхудкунии молу мулк ба вуҷуд меояд, чанд маротиба зиёдтар мебошанд.


Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии соҳибкорӣ ва эҷоди фазои мусоид барои сармоягузорию тиҷорат ба самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат табдил ёфтааст.
«Рушди бахши хусусӣ дар заминаи зиндагии шоистаи мардум нақши беназир дошта, тавассути таъсиси ҷойи кор, афзоиши истеҳсолоти ватанӣ ва ҷалби технологияҳои нав ба рушди иқтисоди миллат такони ҷиддӣ мебахшад», – гуфт Ҳоким Холиқзода.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода иброз дошт, ки дар воқеъ масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ва дастгирии соҳибкорӣ дар минбари сиёсати ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои дар амал татбиқ намудани он мунтазам тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Тазаккур дода шуд, ки дар Тоҷикистон тағйироти нав дар самти имтиёзҳои андоз, мораторияи дусола ба санҷишҳо, эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорзанон ва ҷудо гардидани қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ба соҳибкорон нишон медиҳанд, ки сиёсати ҳукумати мамлакат комилан ба як ҳадаф равона шудааст.
«Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки мунтазам хавфҳои коррупсиониро таҳлил намуда, барои пешгирии оқибатҳои нангини он дар ҷомеа, хусусан дар бахши хусусӣ, ба роҳ мондани рақобати солим, беҳтар кардани сифати хизматрасонии давлатӣ, ҷалби сармоя, инчунин ҳисоботдиҳии оммавӣ ва муқовимати низомнок тадбирҳои зарурӣ андешем», – изҳор дошт Сулаймон Султонзода.


Форум имконият фароҳам овард, ки байни намояндагони бахши хусусӣ, сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва меҳмонони хориҷӣ вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва дигар масъалаҳои мубрам мубодилаи афкор доир гардад.
Дар доираи форум лоиҳаи Кодекси идоракунии корпоративӣ ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии марҳилаи дуюми «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муаррифӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар кори форум роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, доираҳои васеи тоҷирон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти байналмилалӣ, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, намояндагон аз мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Дар бахшҳои форум соҳибкорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилот ва коршиносони байналмилалии беш аз 40 давлати ҷаҳон низ ба таври маҷозӣ иштирок карданд.
Бояд гуфт, ки форум то бегоҳ идома ёфта, иштирокчиёни он дар панҷ бахш масъалаҳои нақши мақомоти давлатии зиддикоррупсионӣ дар таъмини амнияти иқтисодӣ, поквиҷдонию идоракунии корпоративӣ дар тиҷорат, муқовимат ба коррупсия бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва имконияти зеҳни сунъӣ, инчунин таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самтро баррасӣ менамоянд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд






