НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард

Декабрь 23, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 барои Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон соли пур аз муваффақият ва муҳим гардида, бо иштироки фаъолонаи дастаи мунтахаби мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, тавсеаи иқтидори варзишӣ, инчунин навсозии сохторҳои роҳбарии федератсия алоқаманд буд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон хабар доданд.

Яке аз дастовардҳои асосии соли 2025 барои Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон иштирок дар Чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ World Championship – 2025» буд. Дар ин чемпионат варзишгарони тоҷик  сатҳи баланди омодагӣ ва рақобатпазирӣ намоиш доданд. Аз рӯйи  натиҷаҳои мусобиқа дастаи Тоҷикистон соҳиби 40 медал гардид, ки  19 медали он тилло, 12 медал нуқра ва 9 медал биринҷӣ мебошад.

Ин мусобиқаҳои варзишӣ беҳтарин варзишгаронро аз тамоми ҷаҳон ҷамъ оварда, барои онҳо санҷиши ҷиддӣ дар самти омодагии ҷисмонӣ ва тактикӣ буд. Бо вуҷуди рақибони қавӣ ва сатҳи баланд варзишгарони тоҷик дар майдони рақобат эътимод ва бозии сатҳи баланд нишон дода, тавонистанд дар риштаҳои Gi ва No-Gi ғолибияти зиёд ба даст оранд.

Яке аз пешсафони даста Самир Ризоев дар риштаҳои Gi ва No-Gi ду маротиба чемпиони ҷаҳон шуд, Муҳаммад Боймуродов ва Билол Шодавлатов низ дар категорияҳои худ ғолиб омаданд. Абдулазиз Ҳамидов дар намуди варзишӣ Gi медали тилло ва дар No-Gi медали нуқра ба даст овард.

Инчунин Ашраф Саидализода чемпиони чаҳоркаратаи ҷаҳон  оид ба ACBJJ  гардида,  мавқеи Тоҷикистонро дар ҷуи-ҷитсуи ҷаҳон боло бардошт.

Дар байни ҷоизадорони ҷойи дуюми ин мусобиқаи варзишӣ  Довуд Ҷоншоев (55 кг), Абубакр Гадоев (60 кг), Шерзод Исломов (55 кг) ва Мустафо Ашурзода (50 кг) ҳастанд. Медалҳои биринҷиро Аҳмадҷон Наримонов (55 кг), Муҳаммад Акбаров (45 кг) ва Алишер Буйдоқов дар ду намуд — Gi ва No-Gi ба даст оварданд.


Пас аз анҷоми ин мусобиқаҳо мураббии дастаи Тоҷикистон Комил Боймуродов иброз дошт, ки натиҷаҳо нишони тавоноӣ ва устувории мактаби  ҷуи-ҷитсуи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд.

«Омодагии дуруст ва хуб барои расидан ба муваффақият дар мусобиқот хеле муҳим аст. Мусобиқаҳо барои варзишгарон чун манбаи муҳим барои ёдгирӣ ва такмил додани малакаҳо хизмат мекунанд», – таъкид намуд Комил Боймуродов.

Ёдовар мешавем, ки 17 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии ғайринавбатии интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи ҷиу-ҷитсу»-и Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни ҷаласа Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Иштирокчиён изҳори умед карданд, ки бо интихоби роҳбари нави федератсия дастгирии варзишгарон боз ҳам тақвият ёфта, намояндагони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.

Натиҷаҳои соли 2025 шаҳодат медиҳанд, ки мактаби ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон рушд намуда, мамлакатро метавонад дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.

АКС: Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон

Декабрь 23, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт