Оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ дар панҷ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вохӯрии техникӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ин вазорат.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ҷаласа фароҳам овардани заминаи муколамаи касбӣ ва созанда байни мақомоти марказӣ, намояндагони минтақаҳо ва шарикони рушд барои муайян намудани қадамҳои минбаъдаи ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ барои гузариш ба механизмҳои самаранок, шаффоф ва ба натиҷа нигаронидаи маблағгузории соҳа тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин раванд таҷрибаи минтақаҳои таҷрибавӣ аҳамияти махсус дошта, имконият медиҳад, то натиҷаҳои воқеӣ, мушкилоти мавҷуда ва самтҳои такмили минбаъда муайян карда шаванд.
Дар вохӯрӣ инчунин доир ба таҷрибаи ислоҳоти механизми нави маблағгузории тандурустӣ дар вилояти Суғд ва масъалаи харидҳои стратегӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон: моделҳои институтсионалӣ ва имконияти фискалӣ маълумот пешниҳод гардид.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид






