Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуда, истиқлолияти энергетии мамлакат пурра таъмин мегардад. Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳор намуданд.
Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар даҳ соли охир соҳаи энергетикаи мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфт. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловат-соати соли 2015 дар соли 2025 ба 24,2 миллиард-киловатт соат расонида шуд.
«Мо имрӯз мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем. Ин ҳолат аз як тараф натиҷаи афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ афзудани истеъмоли неруи барқ бошад, аз тарафи дигар таъсири камбориш омадани тирамоҳи соли равон ва кам гардидани воридшавии об ба обанборҳои неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад», – шарҳ доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои бартарафсозии ин мушкилот тамоми чораҳои зарури амалӣ менамояд. Дар айни замон корҳои лоиҳавию сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт оғоз гардида, то моҳи августи 2026 ба истифода дода мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






