Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд

Декабрь 22, 2025 09:39

ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон 19 декабр вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф  бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Сарвазири Покистон оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки «ин иқдом аз сатҳи баланди муносибатҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Нахустин маротиба  доир гардидани ин ҳамоиши муҳими фарҳангӣ чун пули иртиботӣ барои тақвияти ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Покистон заминаи устувор мегузорад».

Ҳамчунин дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Маркази мероси фарҳангии халқии “Lok Virsa”-и шаҳри Исломобод намоиши маҳсулоти Тоҷикистон ва санъати миллӣ пешниҳод гардид. Инчунин барномаи фарҳангии муштараки ҳунармандони Тоҷикистону Покистон доир шуд.

Дар рӯзи сеюми Ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон дар толори “Lok Virsa”-и шаҳри Исломобод Форуми байналмилалии «Покистону Тоҷикистон- ду қолабу як ҷон» баргузор шуд. Дар он аҳли илму адаб, олимон ва шоирону нависандагони Тоҷикистону Покистон иштирок доштанд.

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон 19 декабр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири иттилоот ва телевизиони Ҷумҳурии Исломии Покистон Аттоулло Тарар вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ  ҷонибҳо таъсиси гурӯҳи корӣ дар байни вазоратҳо барои танзими ҳамкории фарҳангӣ дар оянда, ҳамчунин омодасозии кадрҳои соҳа дар донишкадаҳои ду мамлакат дар самти филмофарӣ, театр, китобхона, идомаи баргузории Рӯзҳои фарҳанг дар ду давлат ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 22, 2025 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард