Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия, профессор, доктор Нуман Куртулмуш, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, 2 декабр ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафт.
Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик барои меҳмонон сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд.
Меҳмонон дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо таърихи пурғановати миллати тоҷик, фарҳанги бою рангин ва шоҳкориҳои нодир, ки аз ҷониби ниёгони тоҷикон офарида шуда, инъикосгари фарҳангу миллати тоҷик давоми таърих мебошанд, аз наздик шинос гардиданд.
Пас аз тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмуш аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, хотироташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон навишт.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






