Сафири Тоҷикистон дар Форум оид ба иқтидори ашёи хоми минералӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Декабрь 13, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар шаҳри Берлин чорабинии муштараки Иттиҳодияи соҳавии фаъолияти маъданкории хориҷӣ ва фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи ашёи хом (FAB) ва Агентии ашёи хоми (сарватҳои табиӣ) Олмон (DERA) таҳти унвони «Иқтидори ашёи хоми минералӣ дар Осиёи Марказӣ» бо иштироки доираҳои давлатӣ, бахши саноат, корпуси дипломатӣ, муассисаҳои илмӣ ва коршиносони соҳа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Дар доираи чорабинии мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов дар муҳокимаи панелии Сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба иқтидори ашёи хоми минералӣ иштирок намуд.

Зимни муҳокимаи панелӣ масъалаҳо оид  ба захираҳои табиии кишварҳои Осиёи Марказӣ, дурнамо ва мушкилоти рушди бахши истихроҷи маъдан, инчунин имкониятҳои густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ашёи хом мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сафири Тоҷикистон  оид ба имкониятҳои захиравии мамлакат, сиёсати давлатӣ дар самти истифодаи оқилона ва устувори сарватҳои табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва пешравиҳои ҷорӣ дар соҳаи саноати маъдан ибрози андеша намуд.

Имомудин Сатторов инчунин дар ин самт омодагии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо доираҳои иқтисодӣ ва саноатии Олмонро таъкид кард.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Декабрь 13, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд