СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд. Ҳаҷми маҳсулоти ин корхонаҳо дар 10 моҳи соли 2025 ба зиёда аз якуним миллиард сомонӣ расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 185 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 9 декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Турсунзода сафар намуданд. Зимни сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф» бо иқтидори 8760 тонна маҳсулоти пластикӣ дар як сол расман оғоз бахшиданд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 августи соли 2021 зимни ифтитоҳи марҳилаи якуми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф» ба бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузошта буданд.
Аснои боздид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона зиёда аз 5 навъи маҳсулоти гуногуни пластикӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол ва маҳсулоти корхона 100 фоиз содирот карда мешавад.
Корхона аз ҷумлаи иншооти саноатӣ ба ифтихори ҷашни бошукуҳи миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ба амалишавии босамари Солҳои рушди саноат (2022-2026) мусоидат мекунад.
Фаъолияти мунтазами марҳилаи дуюми корхона талаботи бозори дохилиро бо 5 намуд маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот, аз ҷумла профилҳои пластикӣ, лӯлаҳои пластикӣ, резин, бутил ва ғайра таъмин намуда, ба паст шудани нархи он мусоидат мекунад. Ҳоло барои фаъолияти самарабахш ва коркарди босифати маҳсулоти корхона зиёда аз 80 мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, 35 фоизашонро занҳо ташкил медиҳанд.
Дар корхона намудҳои гуногуни профилҳои пластикӣ ва резин барои васли қисмҳои алоҳидаи дару тиреза, насби қисмҳои гуногуни мебел, лӯлаҳои пластикӣ барои интиқоли об дар биноҳои баландошёна ва боз чанд номгӯй маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид






