Соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 50 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Декабрь 29, 2025 09:22

ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 50 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд, ки ин раванд дар самти саноатикунонии босуръати вилоят бесобиқа мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2022 то соли 2025 беш аз 140 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шуд.

Солҳои охир соҳаи саноат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш чанд маротиба зиёд гардид. Аз ҷумла, барои расидан ба ҳадафи олӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар ин замина таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон, инчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022 – 2026» ба тавсиб расид.

Дар ин замина дар вилоят то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмон ва навсозии даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 400 корхонаи саноатӣ бунёд карда шуд.

АКС: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Декабрь 29, 2025 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд