«СУЛҲОФАРӢ-МАРОМИ СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сарфароз гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи нависандаи маъруфи ҷаҳонӣ Лев Толстой таҳти унвони «Сулҳофарӣ-мароми сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ҳамоиш доир шуд.
Иброз гардид, ки таҷрибаи сулҳсозӣ ва сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо саҳифаи муҳими таърихи давлатдорӣ, балки дарси умумибашарӣ доир ба иродаи сиёсӣ, ҷасорат ва масъулияти роҳбарӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад.
Иштирокчиён изҳор доштанд, ки дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ кам иттифоқ меафтад, ки масъалаҳои ҳассосу тӯлонӣ, аз ҷумла баҳсҳои сарҳадӣ бо роҳи муколамаи сиёсӣ, иродаи нек ва масъулияти таърихӣ ҳал шаванд. Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ ва ба мувофиқа расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар масъалаи сарҳад намунаи равшани чунин таҷрибаи нодири асри XXI буда, саҳми Сарвари давлати тоҷикон дар он басе арзишманд аст.
Тазаккур дода шуд, ки баҳои баланди ҷомеаи байналмилалӣ нишони он аст, ки таҷрибаи Тоҷикистону Қирғизистон метавонад ҳамчун намунаи ибрат барои дигар минтақаҳои ҷаҳон хизмат намояд. Ин таҷриба собит месозад, ки сулҳ танҳо натиҷаи музокира нест, балки маҳсули фарҳанги сиёсӣ, сабр ва масъулияти таърихӣ мебошад.
Ин дастовард на танҳо пирӯзии дипломатӣ, балки саҳми арзандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва суботи байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






