Тақвияти робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд

Декабрь 9, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба баланд бардоштани иқтидори содиротӣ дар мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баррасӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии содирот хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои тақвияти робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла таъсиси марказҳои логистикӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти нахи пахта, инчунин ташкили намояндагии Агентии содирот дар шаҳри Теҳрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Аз ҷониби сафир маълумоти муфассал доир ба гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон манзур гардид.

Гуфта шуд, ки солҳои охир ҳарду давлат кӯшиш доранд, ки барои рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид