АЗ ТОҶИКТА ТО АМИТ «ХОВАР». «Ховар» манбаи расмии иттилоот ва тарғибгари дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аст

Декабрь 31, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» 100 сол пур мешавад.  АМИТ «Ховар» 31  декабри  соли  1925 дар заминаи  шуъбаи  ТАСС  дар  Тоҷикистон таъсис  ёфта  буд,  ки баъдан шуъба мақоми Агентии телеграфии  Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро касб  намуд. ТоҷикТА дар он  давра  асосан  вазифаи  қабули  маводи  ТАСС ва  интишори онро  тавассути  рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷо  оварда, ҳамзамон «Ахборномаи иттилооти маҳаллӣ»-и хурд мебаровард.

Ҳамчун мақомоти иттилоотии ҳукуматии ҷумҳурӣ ТоҷикТа иттилои саҳеҳу муътамадро дар бораи ҳаёти ҷумҳурӣ ва сиёсату иқтисод, дипломатия, илму фарҳанг, варзиш ва фаъолияти муҳими ҷамъиятии он ҷамъоварӣ ва паҳн мекард.

Агентӣ тадриҷан ба оинаи ҳаёти ҷомеа табдил ёфт. Иттилооти онро дигар воситаҳои ахбори омма бештар паҳн мекарданд. Он нахустин маротиба  ибораҳои «Вахшстрой», «НБО Норак», «ТадАЗ», «Пахтаи маҳиннах», «Лимони Тоҷикистон» ва «Ёвон»-ро муаррифӣ намуд.

Бо гузашти вақт  ТоҷикТа ба маркази асосии  ҳамоҳангсози иттилоотии ҷумҳурӣ, дорои чандин бахшҳо-ҳайати эҷодию техникӣ, инчунин хабарнигорони махсус дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  табдил ёфт. Агентӣ мактаби бузурги  эҷодии маҳорати журналистон ва тарҷумонон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) гардид.

Даврони соҳибистиқлолӣ давраи рушду пешрафти АМИТ «Ховар» ба ҳисоб меравад. 10 апрели соли 1992 ТоҷикТа ба Маркази иттилоотии Тоҷикистон (МИТ) «Ховар» табдили ном кард. Бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои роҳбарияти кишвар Агентии миллиии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» 30 апрели соли 2004 дар заминаи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми марказии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Агентӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи воситаҳои ахбори омма, ки Тоҷикистон ба онҳо дохил аст, фаъолият мекунад.

АМИТ «Ховар» мақомоти марказии давлатии иттилоотӣ буда, вазифаи асосии он ҷамъоварӣ, паҳн намудани иттилоот доир ба масоили муҳими дохилӣ ва сиёсати хориҷии кишвар ва ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он дар ҷумҳурӣ ва хориҷи он мебошад. Ахборномаи махсуси «Набзи Ховар» («Пульс Востока») ҳамарӯза (ба истиснои рӯзҳои истироҳатӣ) барои мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ ва сохторҳои байналмилалӣ омода карда мешавад.

АМИТ «Ховар» ҳамчун мақомоти марказии давлатии иттилоотӣ дорои ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ ва паҳни иттилоот ва санадҳои расмӣ оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи шарҳи онҳо мебошад.

Дар солҳои фаъолияти тӯлонии агентӣ дар он ҳайати хуби кадрҳои журналистӣ ба воя расид, ки дар бисёр воситаҳои ахбори омма ва дигар сохторҳо фаъолият доранд.

Асоси кори хабарнигоронро фаврият ва инъикоси воқеъбинонаю саҳеҳи рӯйдодҳо дар ҳаёти ҷумҳурӣ ташкил медиҳад. Иттилооти ҷамъовардаи онҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ пахш мегардад.

Дар назди АМИТ «Ховар» аз соли 2011 инҷониб Корхонаи воҳиди давлатии Радиои «ҒМ Ховар» фаъолият мекунад, ки имрӯз яке аз маҳбубтарин радиоҳои мамлакат маҳсуб мешавад. Ин радио дар ҳар ним соат хабарҳоро оид ба муҳимтарин ҳодисаю рӯйдодҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон ба сокинони кишвар мерасонад. Ҳамзамон дар тамоми гӯшаю канори олам тавассути сомонаи АМИТ «Ховар» (www.khovar.tj) дар шабакаи ҷаҳонии Интернет шунидани барномаҳои Радиои «ҒМ Ховар» имконпазир аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад