35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд
ДУШАНБЕ, 25.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 23 майдонча ва ду толори варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли 2024 8 адад зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 варзишгарони вилоят дар 15 мусобиқаи байналмилалӣ, 59 мусобиқа ва чемпионати сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 341 медал гардиданд. Аз ин шумора 101 медали тилло, 104 нуқра ва 136 биринҷӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Ин соҳа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, пайваста барои рушди он тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард






