Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад.
Тавре 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд, «дар пойтахти мамлакат– шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имконияти муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми мамлакат ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад».
Сохтмони Театри миллӣ 17 марти соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Тарҳи он яке аз беҳтарин биноҳои пойтахт ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи он давоми панҷ сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои давлатҳои пешрафтаи олам омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошад.
Театри миллии Тоҷикистон аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, театр аз 3 толори калон ва толору дафтарҳои сершумори кории дигар иборат мебошад.
Толори асосии он барои 2500 тамошобин пешбинӣ шудааст. 2 толори дигар- яке 1200 ва дуюмӣ 1000 ҷойи нишаст хоҳанд дошт. Баландии толори асосӣ 18 метр буда, дар он барои оркестр низ ҷой пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир карда мешаванд.
Театр на танҳо барои имрӯзиён, балки барои садсолаҳои минбаъда низ хизмат карда, ҳамчун ёдгории оғози марҳилаи тозаи тамаддуни тоҷикон боқӣ мемонад.
Ба андешаи аҳли фарҳанг, ин иқдоми шоистаи Президенти Тоҷикистон бори дигар собит менамояд, ки дар сиёсати давлатии мамлакат тарбияи насли ояндаи миллат дар руҳияи фарҳангпарварӣ мақоми махсусро ишғол менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст






