ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд

Январь 22, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ корҳои биотехникӣ идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин агентӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ  ба хотири таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва парандагон дар мавзеъҳои махсуси ҳайвонгузар ва ҷойҳои сукунати парандагон ҷав, гандум, кунҷора, намак ва хошок пошида шуд.

Бо ин мақсад дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод низ корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд.

Дар ҷараёни ин чорабиниҳо барои таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва парандагон дар мавзеъҳои махсуси ҳайвонгузар ва ҷойҳои сукунати парандагон, дар маҷмуъ зиёда аз 200 килограмм гандум, 50 килограмм олучаи хушк, 100 килограмм себи хушк ва 300 килограмм хошок пошида шуд.

Дар ин раванд  танзими саршумор ва таркиби намуди ҷонвароне, ки дар чунин шароит зиндагӣ менамоянд, амалӣ гардида, то охири сардиҳои замистон барои ба шароити табиӣ мутобиқ  кунонидану  сермаҳсулгардонии  ҳайвоноти ваҳшӣ  корҳои  биотехникӣ гузаронида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки баробари фаро расидани фасли сармо ва барфпӯш гардидани кӯҳҳо ҳайвонҳо ва парандаҳои нодир дар дарёфти ғизо танқисӣ мекашанд. Гуруснагии онҳо метавонад сабаби ба ҳалокат расиданашон гардад. Барои роҳ надодан ба талафоти ҳайвоноту парандагон кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Ёдовар мешавем, ки олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор мебошад. Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардида, бештари онҳо дар экосистемаҳои кӯҳӣ сукунат менамоянд. Дар мавзеъҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар