Агентии авиатсияи гражданӣ: Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 2,1 миллион мусофир хизмат расонид
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соли 2025 ба зиёда аз 2 миллиону 160 ҳазор мусофир хизмат расонидааст. Аз ин шумора 1 миллиону 60 ҳазору 746 нафарро мусофирони омада ва 1 миллиону 99 ҳазору 502 нафарро мусофирони рафта ташкил медиҳанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қабулшуда ва интиқолёфта 2 ҳазору 394 тоннаро ташкил дод. 346 тоннаи онро бори содиротӣ ва 2048 тоннаро бори воридотӣ ташкил додааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад






